Ёрон тамиз ҳастӣ бдхў накарда анд
Аз шамъ чидаанд гул ва бӯ накарда анд
Ойини ҳасани ҷавҳари саъй басират аст
Кӯрони талоши васма абрӯ накарда анд
Ворастаагони зи шарми неи бӯрёии фақр
Нақши қабули зинат паҳлу накарда анд
Худсанҷӣ аз дкончаҳи савдоӣ шӯҳрат аст
Моро нишони тир тарозу накарда анд
Ойӣна чанд тӯҳмати худбинӣ ?ут кашад
Арбоби шарми ҷуз ба арақ рӯ накарда анд
Тавфиқи каъбаи дил аз ин саракашон махоҳ
Як саҷдаи назри хизмат зону накарда анд
Хосон чу шамъи нозир ин маҳфиланд , лек
Ҷузи пеши пои нигоҳ ба ҳар сӯ накарда анд
Чини ҷабин ба васфи табассум бадал кунанд
Шукри лабони иҳонат лиму накарда анд
Ҳарҷо шикасти дил адаб омӯз мунсифӣ аст
Тасвири чинӣ аз қалам мӯ накарда анд
Гирд иборатем , ба маънӣ ки ме расад
Моро ҳануз дар талабаш ӯ накарда анд
Бедил ба худ ҷунун кун ва сад перҳани бибол
Бе чоки ҷомаи ҳавас атў накарда анд