Онҳо ки ранги худсарии шамъ дида анд

Ангушт зинҳор з гардан кашида анд

Доғи таҳайюрам ки нафаси мояҳои ваҳм

Зини чори сӯи умед иқомат харида анд

Ҷамъии казин бисот ба ваҳшат насохтанд

Чун ашки шамъи лағзиш ранг парида анд

Халқӣ ба иштиҳори ҷунунҳои сохта

Доман ба чин надода гиребон дарида анд

Гӯшу забони халқ ба вазъи рубобу чанг

Бисёр гуфтугӯии сухан кам шунида анд

Таҳқиқро ба зоҳиру мазҳар чаҳ нисбат аст

Афсуни аҳвалии сет ки ойӣна дида анд

Мардони зи истиқомату ҳиммат ба ранги шамъ

Аз ҷо наме раванд агар сар бурӣда анд

Бар дӯши бед маслиҳатӣ дошт бе барӣ

Каз бори соя низ заъифон хамида анд

Ранҷи бақои макаш ки нафасҳои пар фишон

Дар гулшани хаёли насимӣ вазида анд

Ғам шуд тараби з фурсат ҳастӣ ки чун ҳубоб

Бар тоқи умри шишаи нигунсор чида анд

Ранги баҳори шарми зи шухӣ муназзаҳ аст

Бедили мусаввирон арақ мекашида анд