Муддаои дил буд агар найранг имкон рехтанд

Баҳри ин як қатраи хӯн , сад ранг тӯфон рехтанд

Зини гулистони неи хазон дар ҷилва омад , неи баҳор

Ранги ваҳмӣ аз навой андалебон рехтанд

Хор бастӣ кард пайдои кӯчаи боғи интизор

Бас ки муштоқон ба ҷои ашк мижгон рехтанд

Тӯҳмати домон қотил мекашад ҳар гули зи ман

Чун баҳор аз бас ки хӯнамро парешон рехтанд

Аз сари таъмир дил бигузар ки меъморони ишқ

Рӯзи аввали ранги ин вайрона вайрон рехтанд

Нестии ушшоқро рафъи кудурат буду бас

Аз гудоз , ин шамъҳо гардии з домон рехтанд

Беш аз ин натавон хато бастан бар арбоби карам

Каз фузулии обрӯии абр Нитсаон рехтанд

Саҷдаи гоҳи ҳиммати аҳли фаноро банда ам

Кобрўӣ ҳарчӣ ҳаст ин хоксорон рехтанд

Шабнами моро дарин гулшани тамошо муфт нест

Сад нигаҳ шуд об то як чашм ҳайрон рехтанд

Аз гудози пайкарами дарди ту гум кард ошён

Шуд ситам бар нолаи котш дар Нитсаатон рехтанд

Дасту теғӣ аз заъифии нанг қатлам барнадошт

Хӯни ман чун ашк бар таҳрик мижгон рехтанд

Қобили он остони кӯи саҷда то нозад касе

Каз арақи онҷои ҷабин бениёзон рехтанд

Нақди умри рафта берун нест аз ҷайби адам

Ҳарчӣ аз кошона кам шуд дар биёбон рехтанд

То тавонам глФрўши чоки расвоӣ шудан

Чун саҳари бедили з ҳар узвам гиребон рехтанд