То ба олам , ранги бунёд таманно рехтанд

Гирди моро чун нафас дар роҳ дилҳо рехтанд

Вопасии зини корвони чандини надомат бор дошт

Ҳарки рафт азпиши хокаш брсрмо рехтанд

Ганҷ гавҳар шуд дили қавмӣ ки аз шарми талаб

Обрӯ дар домани худ ҳамчу дарё рехтанд

Мотами матлаби ғборонгиз чандин ҷустуҷӯаст

Орзӯ то хонаи вайрони гашт дунё рехтанд

Сӯрати вомондагони ойӣнае дигрндошт

Аҷзи мо бепарда шуд нақши каф по рехтанд

Қотили мо чун саҳари домон ноз ифшоанд ва рафт

Хӯни мо чун гули ҳамон дар доман мо рехтанд

Айши ин маҳфил наме арзад ба андӯҳи шикаст

Бидмоғони ҳам ба табъи санг мино рехтанд

Инфеъол орамидан бскаҳ обам ме кунад

Сайл ҷӯшед аз кафи хокам ба ҳарҷо рехтанд

Ҳайрат ойӣнаам бо имтиёзам кор нест

Сӯрати бунёдам аз чашм тамошо рехтанд

Ин гулистони қобили назора ӣ улфат набӯд

Обрӯии шабнами мо сахт биҷо рехтанд

Бедил аз доми шикасти дили гузаштан , мушкил аст

Резаи ин шиша дар ҷўлонгаҳ мо рехтанд