Кори дунёи бас ки мӯҳмали гашт ъқбо рехтанд

Фурсати имрӯз хӯн шуд ранг фардо рехтанд

Буии Юсуф аз Фсрдн перҳан омад ба арз

Шуд парӣ беболу пари чандон ки мино рехтанд

Синаи чоконро димоғи сахти ҷонӣ ҳо набӯд

Аз шикасти ранг ҳамчун гул саропо рехтанд

Тарк худдорӣаст арзи машраби девонагӣ

Рафт гирди мо зи худ ҷое ки саҳро рехтанд

Дар ғубор ишқ дорад ҳасани доми саркашӣ

Тарҳи он зулф аз шикасти хотир мо рехтанд

Ҳечкас аз гиряи ман дар ҷаҳон ҳушёр нест

Бихўдӣ фаршаст ҳарҷо ранг саҳбо рехтанд

Бе димоғии маҳфили орои ҷунуни шавқ буд

Сӯхти ҳасратҳо нафас то шамъ савдо рехтанд

Ранги таҳқиқии нбстм зон ҳинои нақши по

Ин қадар донам ки хӯнамро ҳамин ҷо рехтанд

Резиши абри карам дар хӯрд истеъдоди мост

Кишти бсмл то шавад сероб , хӯн ҳо рехтанд

Оқибат бӯе набардем аз суроғи офият

Соҳил гум гашта моро ба дарё рехтанд

То нафас боқӣаст ҳамчун шамъ бояд сӯхтан

Каз фусун ҳастӣ оташ бар сар мо рехтанд

Ашки мо бедили зи дарди норасоӣ хок шуд

Решае пайдо накард ин тухм ҳар ҷо рехтанд