Мусаввирон ба ҳазор инфеъол пайвастанд

Ки турра ту кашиданд ва хома нашикастанд

зи ҷаҳли нисбати қад ту мекунанд ба сарв

Фузул чанд ки помол фитрат пастанд

Ба ранги ақди гуҳари во наме тавон кардан

Дилӣ ки дар хами зулфи тўоши гиреҳи бастанд

зи офтоб гузаштааст мади абрўбт

Кмонкшони зиҳи ноз пар зибардастанд

Димоғи сӯхтагон беш аз ин вафо накунад

Сапандҳо ба сад оҳанги як садои ҷустанд

зи шоми мо макаш эй ҳасрати интизори саҳар

Ба даври мо қадаҳ офтоб бишикастанд

Дар ин муҳӣт адаб кун зи худнамое ҳо

Ҳубобу мавҷ ҳамон нестанд агар ҳастанд

Адаби зи мардумаки дида ме тавон омухт

Ки сокинанд агар ҳӯшёр агар мустанад

зи вазъ шамъ хамӯш ин наво пурафшон аст

Ки шуълаҳо ҳамаи худро ба доғи дили бастанд

Ба завқи ваҳшати он қавми сӯхтами бедил

Ки нолаи вор чу бархестанд , нанишастанд