Ҳарҷо тапиши шамъи дарин хона наҳуфтанд
Номӯси пари афшонӣ парвона наҳуфтанд
Ошуфтагӣӣ дошт хами турраи Лайлӣ
Дар печиши мӯии сар девона наҳуфтанд
Ҳамворӣ аз андешаи аздод баҳам хӯрд
Чун арраи дами теғ ба дандона наҳуфтанд
Аз силсилаи хати хабар нуқта мапурсед
То реша қадам зад ба ҷунун дона наҳуфтанд
Шуд ҳастӣ бе пардаи ҳиҷоби адами мо
Дар ганҷи аёни сӯрат вайрона наҳуфтанд
Дар чоки гиребони нафас маънӣ розӣаст
Борикии он мӯ ба ҳамин шона наҳуфтанд
Нои муҳаррам дил монад ҷаҳонӣ чаҳ тавон кард
Ҳар чанд ки буд оина дар хона наҳуфтанд
Бе сайри хати ҷом маҳоласт тавон ёфт
Он ҷода ки дар лағзиш мастона наҳуфтанд
Дар пардаи он хоб ки чашми ҳамаи пӯшед
Кас нест бафаҳмад ки чаҳ афсона наҳуфтанд
Кори ҳама бо мубтазал икдгр афтод
Фарёд ки он маънӣ бегона наҳуфтанд
Ҳасрат ба дил аз матлаб ноёб ҷунун кард
Хамёзаи Аннани гашт чу паймона наҳуфтанд
Бедил ба тақозои тааюн чаҳ тавон кард
Пӯшидагӣӣ буд ки дар мо на наҳуфтанд