Барои хотирам ғам офариданд

Туфайли чашми ман ӣам офариданд

Чу субҳи онҷо ки ман парвоз дорам

Қафас бо бол тавъам офариданд

Арақ гул кардаам аз шарм ҳастӣ

Маро аз чашм шабнам офариданд

Гуҳар мавҷ оварад ойӣнаи ҷавҳар

Дил беорзӯ кам офариданд

Ҷаҳони хўнриз бунёдаст ҳушдор

Сари сол аз муҳаррам офариданд

Видоъи ғунчаро гул ном карданд

Тарабро мотам ғам офариданд

Алоҷӣ нест доғи бандагӣ ро

Агар бешам вгркм офариданд

Кафи хокӣ ки бар бодаш тавон дод

Ба хӯн гул карда одам офариданд

Тилисми зиндагии улфат банно нест

Нафасро як қалам Ром офариданд

Агар олам барои хеш пайдост

Барои ман маро ҳам офариданд

Чаҳ сони тобами сар аз фармони таслим

Ки чун абрӯем аз хам офариданд

Дилам бедил надорад чора аз доғ

Нигинро баҳр хотам офариданд