Мубсирони ҳақиқат ки сар ба сар ҳушанд
Ба ранги чашмаи ойӣнаи фориғ аз ҷӯшанд
Неанд чун садаф аз шӯри ин муҳӣти огоҳ
зи мағзи хушки касоне ки пунба дар гӯшанд
Алоҷи ҳайрат мо кун ки ранги бохтагон
Шикасти хотири ойӣна хона ҳушанд
Забони бихўдӣ ранг кист дарёбад
Шикастагони ҳамаи тани нола ҳои хомӯшанд
Маро муъоина шуд зи ихтилоти қамарӣу сарв
Ки хоксорӣу озодагӣ ҳам оғӯшанд
Мулоимат нашавад ҷамъ бо дуруштии табъ
Ки аксу оина бо икдгр наме ҷӯшанд
Ба субҳ айш мабош эмин аз сияҳи рӯзӣ
Мудоми сояу маҳтоби дӯш бар дӯшанд
зи шӯх чашмӣ хешанд ғофилони маҳҷӯб
Бараҳнааст ду олам агар назар пӯшанд
Ту ҳар шикаст ки хоҳии ҳавола мо кун
Ҳубобу мавҷи саропо хмидн дӯшанд
Куҷо расем ба ёди хиром ӯ бедил
Ки оҷизони ҳама чун нақш по фаромӯшанд