Ҳарҷо хироми нози ту тамкин аён кунад

Ҳайрат дар оби оинаи киштӣ равон кунад

Захмӣ ки хандад аз дами теғи табассумат

Хӯни чакидаро чаман заъфарон кунад

Чашмат ба маҳфилӣ ки тағофул кунад баланд

Неи ҳам ба майли серумаи ниёз фиғон кунад

Аз фурсати гузашта расӣдани гузаштаи гир

Ранг парида дар чаҳ баҳор ошён кунад ?

Хомӯш бош бар дар дил варна бе адаб

Ҳар дам задан як оинаи ворат зиён кунад

Аз феъли зишти душман осоиш худем

Моро магар ба хеши ҳаё меҳрбон кунад

Он шуълаи тинатам ки паии туъмаи гудоз

Мағзам чу шамъи парвариш устихон кунад

Тағйир паҳлуем ситамаст аз ҳуҷуми дард

Тарсам ки бӯрёии маро Нитсаатон кунад

Дар хоки ман ғубор фано нест пурфишон

Хоби адами куҷо мижаамро гарон кунад

Бсмли сифат ба сикта расонидаам варақ

Сатрии зи хӯни магари сабақамро равон кунад

Бовар надоштам ки ғубори маро чу субҳ

Домони чида то ба фалак нардбон кунад

Тимсоли ман чу сӯрати анқои ҳамин садост

Чизе неам ки оинаам имтиҳон кунад

эй оинаи уюби мисолам ба рӯ меар

Бигзор то арақи таҳи обам ниҳон кунад

Бедил махон фасонаи бахти сиёҳи ман

КоФоқро мабод чу шаби серума дон кунад