Ҳар ки ӣнҷо мерасад беэътидолӣ ме кунад
Шамъи ҳам дар базми мисатони шиша холӣ ме кунад
То ба гардуни чиди осор банноӣ мекашӣ
Тоқи ин майхонаро соғар ҳилолӣ ме кунад
Зоҳдо бар риши чандон эътимодат фосид аст
Охири ин қолӣ ки май бофӣ ҷуволӣ ме кунад
Дарси дониш хатм кун коиинаҳи дори симу зар
Зангии макрӯҳро мулло ҷамолӣ ме кунад
Сар ба зонўиим аммо ҷумла берун дарем
Ҳалқа аз худ ҳам ҳамон сайр ҳаволӣ ме кунад
Тоқатии кӯ то касе нозад ба афсуни талош
Рангҳо парвоз дар афсурда болӣ ме кунад
Зиндагии сайд Ромаст огоҳ бошед аз нафас
Гирди фурсат дар назари ноз Ғаззолӣ ме кунад
Ғарра натавон зист бар бод ва бирават эътибор
Чинии фағфурро як мӯ суфолӣ ме кунад
Ваҳм чун шамъати гудози дил гуворо карда аст
Оташаст обӣ ки дар ҷомат зулолӣ ме кунад
Аз забони ҳайрати дидори кас огоҳ нест
Умрҳо шуд чашми ман фарёд ҳоле ме кунад
Ҷуз надомат нест даллоки Касалҳои ҳавас
Дасти афсӯсӣ ки дорам сина молӣ ме кунад
Гӯшаи девори фақрами гармии паҳлу бас аст
Соя , бар дӯш ва барам , кор ниҳолӣ ме кунад
Чун чанор аз бе барии ҳам кош то перии расм
Чораи ман дӯди оҳи куҳна солӣ ме кунад
Шарм маҳрӯмаст бедил аз ҳусӯли муддао
Бештари кори ҷаҳон беинфеъолӣ ме кунад