Ушшоқ чун фасонаи таҳқиқ сар кунанд
Ойӣна башикананду сухан мухтасар кунанд
Ҳар чанд барқ шуъла занад аз нигоҳашон
Яксар чароғи хонаи ойӣна бар кунанд
Бар ҷавҳар ҳаё напасанданд инфеъол
Сад айбро ба як мижа бастан ҳунар кунанд
Шухии зи чашмашони набарди сарфаи ҷузи арақ
Гулро ҳамон ба дидаи шабнам назар кунанд
Афсун ҷоҳашон накунад ғофил аз адаб
Дарё агар шаванд камӣн гуҳар кунанд
То ғайр аз вафои набарди буии огаҳӣ
Аз ёри шиквае ки маҳоласт сар кунанд
Аз инфеъол нома барон румузи ишқ
Ранг паридаро ба арақи бол тар кунанд
Базм ҳузурашон накушуд интизори шамъ
Ашкӣ ҷило диҳанду шабиро саҳар кунанд
То ҷазба талаб гузарад дар хаёлашон
Монанди шабнами обиларо бол ва пар кунанд
Чун мавҷ ҳар куҷои паии таҳқиқ гум шаванд
Фикри суроғи худ ба дил икдгр кунанд
Хуршеди манзарӣ ки бар он соя афкананд
Фирдавси манзилӣ ки дар онҷо гузар кунанд
Пои саботи маркази паргори домани сет
Ҳар чанд то ба ҳашар чу гардун сафар кунанд
Саъии вафои ҳамин ки чу бедил шаванд хок
Шояд зи нақши пой касе сар ба дар кунанд