Ба ҳайрат оина пардохтанд рӯй ту ро

Заданд шонаи зи дилҳои чоки мӯии ту ро

Чаҳ офатии ту ки аз шӯхяти забони шарор

Ба коми санги баради шикваҳои хуии ту ро

Зхор ҳар мижаи сад ри нги мавҷ гул ҷӯшад

Ба дидагар гузар уфтад хаёл рӯй ту ро

Ғуломи зулфи ту сунбул , асир рӯй ту гул

Бунафшаи бандаи хати сабзи мшкбўии ту ро

зи ранги ғозаи фурушад ба шоҳидони чаман

Насим агар бирабоед ғубори кӯии ту ро

зи теғи нози туами ин қадар умед набӯд

Ба захми дил ки равон кард оби ҷӯии ту ро

Надонам аз дили танг ки ҷустааст имшаб

Ки ғунчаҳо ба қафас кардаанд буии ту ро

Ба ҳарф омадӣу захм куҳнаам нав шуд

Ба ҳайратам чаҳ намак буд гуфту гӯии ту ро

Тапидани дили ушшоқи нусха пардоз аст

Дақоиқи талабу баҳси ҷустуҷӯии ту ро

Баҳори ҳасрати мо заҳмат хазон накушуд

Шикастагии набарди ранги орзӯии ту ро

Дарин чаман ба чаҳ сармояи хўшдлии бедил

Ки шабнамӣ нахарида сети обрӯии ту ро