Нақш ҳастӣ ҷузи ғубори ваҳм найрангӣ набӯд

Чун саҳар дар калаки наққоши нафас рангӣ набӯд

Мунҳариф шуд эътидол аз имтиҳон беш ва кам

Дар тарозуе ки мо будем , посангӣ набӯд

ӣнқадар аз парда бехост тӯфон карда ем

Сози моро бо ҳазор оҳанг оҳангӣ набӯд

Мақсади дил ҳар қадами чандин мароҳил дошта аст

Умрҳо шуд гирд худ гаштем ва фарсангӣ набӯд

Ҳркҷо рафтем по дар доман дил доштем

Саъии ҷавлони нафаси ҷузи кӯшиш лангӣ набӯд

Ном аз шӯҳрат камӣнӣ шуд гирифтори нигин

Ёди айёмӣ ки пеши пои мо сангӣ набӯд

Аз фузулӣ чун нафаси овораи дашт ва дарем

Варна дили ҳам он қадрҳо хона танагӣ набӯд

Дили зи пархоши хурӯсони ҷамъ бояд доштан

Тоҷдории ин тақозо мекунад ҷангӣ набӯд

Хокро ваҳми сулаймонӣ ба пастӣ доғ кард

Хуштар аз бар бод рафтан ҳеҷ аврангӣ набӯд

Завқ тимсоласт кин миқдори кулуфт май кашем

Гар наме буд оина дар дасти мо зангӣ набӯд

ӣнқадари ваҳмӣ ки бедил дар димоғ занад сет

Бегумон маълум шуд кин нусха бебунагӣ набӯд