Баъди азинти сабзаи хат дар сиёҳӣ ме равад

эй зи худ ғофили замони хуш нигоҳӣ ме равад

намешавад сарсабзии ин боғи помоли хазон

Хўшдлии ҳайт ба гирди ранг коҳӣ ме равад

Бо қад хам гашта фикри сайди ъушрати аблаҳии сет

Ҳамчуи мавҷ аз чанги ин қуллоб моҳӣ ме равад

Чора душвораст дар тасхири ваҳшати пешагон

Накҳати гул ҳар тараф гардид роҳӣ ме равад

Ҷон ба пеши чашм бибокт надорад қӣматӣ

Ройгони ин гавҳар аз даст сипоҳӣ ме равад

Сархуши паймонаи нози муҳӣт ҷилва ем

Мавҷи мо аз худ ба дӯши каҷ кулоҳӣ ме равад

Нест собӯни кудуратҳои дили ғайри азгдоз

Чун шавад хокистар аз оташ сиёҳӣ ме равад

Сайқали зангори кулуфтҳо ҳамин оҳасту бас

Зулмати шаб бо насим субҳгоҳӣ ме равад

Кист гардад монеъи ранг аз тавофи барги гул

Хӯни ман то доманат хоҳӣ нахоҳӣ ме равад

Аз хат ӯ дам мазан бедил ки ин ҳарфи ғариб

Бар забони хома ӣ сунъ алоҳӣ ме равад