Гар чунин ашками зи шарм пргноҳӣ ме равад
Ҳамчуи абр аз номаам ранг сиёҳӣ ме равад
Бе ҷамолати ҷузи ҳалок худ надорам дар назар
Марг мебинад чу об аз чашм моҳӣ ме равад
Саъии қотилро талофӣ мушкиласт аз бсмлм
То ба узр оем замон узрхоҳӣ ме равад
Лангари ҷамъияти дил дар шикаст орзӯаст
Мавҷ чун сокин шуд азкштӣ табоҳӣ ме равад
Аз ҳавасҳои сиррӣ бигузар ки дар анҷоми кор
Шамъи ин маҳфил ба доғ бекулоҳӣ ме равад
Гиру дори авҷи давлатҳо ғуборӣ беш нест
Бар ҳаво чун гирдбоди авранг шоҳӣ ме равад
Тираи бахтии ҳам шабистон чироғон вафост
Доғ то равшан шавад зер сиёҳӣ ме равад
Кист гардад мункири гул кардани асрори ишқ
Рангҳо ӣнҷо ба сомон гувоҳӣ ме равад
эй нафаси пеш аз ҳавои гаштани хурӯшӣ соз кун
Фурсати арзи қиёмат дастгоҳӣ ме равад
Шамъи тасвирам , мапурс аз дарду доғи ҳасратам
Ашк ман умрӣаст ногардӣда роҳӣ ме равад
Бедили анҷоми тамошои маҳви ҳайрат гаштан аст
Ин ҳамаи саъии нигаҳ то бенигоҳӣ ме равад