Хоҳиш аз забти нафасгар қадамӣ пеш шавад

Соғари ҳиммати ҷами коса дарвеш шавад

Ҳаркии қадари пас зону нашносад чун ашк

Поймоли қадами ҳарзаи ду хеш шавад

намекашад хӯни умед аз дили ҳасрати каши мо

Сина ҳар ки зи теғи ситамӣ риш шавад

Лиззати васли ту аз ком таманно наравад

Ҳар сари мӯ ба танамгар ба мисли неш шавад

Нест давр аз асари ғайрати абрӯии каҷат

Ҷўҳроинаҳи дртиғ стмкиш шавад

Чашми мо ҳалқа ба гӯшаст ба нақши қадамӣ

Ки ба роҳи ту зи мо як ду қадам пеш шавад

Фурсати нози ғанимати шимур эй шӯх , мабод

Ҳасани тобади сролФти зи хат ва риш шавад

Оби ёқӯт зотш натавон фарқ намӯд

Ихтилот ар ҳамаи бегона буд хеш шавад

Роҳат андеш мабошед ки дар водии ишқ

Ваҳшат ором шавад оҳӯ агар мяш шавад

Гуфтугӯ кам кун агар офиятат манзур аст

Баҳр ҳам меравад аз худ чу ҳаво беш шавад

Накашӣ пои зи домони тағофул ки шарор

Рафта бошад зи назар то қадам андеш шавад

Риштаи созкрм нағма надорад бедил

Гарна мизроби қабулаши лаб дарвеш шавад