Ғурури нози ту тӯҳмати каш адо нашавад

Ба ҳеҷ ранг , май ҷомат ошно нашавад

Тараф агар ҳама шавқаст нанги яктоеи сет

Шикастами оина то ҷилва бесафо нашавад

Ба гулшанӣ ки шаҳидон шавқ бедоданд

Ҷафост бар гули захмӣ ки хӯн баҳо нашавад

Ба ростии қадамигар занӣ чу тири нигоҳ

Ба ҳар нишон ки тавваҷуҳ кунӣ хато нашавад

зи файзи рутбаи аҷзи талаб чаҳ имкон аст

Ки нақши по ба раҳ ӯ ҷабин намо нашавад

Хамӯшӣам ба камолии сет каз ҳуҷуми шикаст

Садо чу ранги зи минои ман ҷудо нашавад

Умеди сандали дардисар ҳавасҳо нест

Мабод дасти ту бо судан ошно нашавад

Агар ба сози нафас то абади зании нохун

Ҷузи он гиреҳ ки дар ин ришта нест воншўд

Ба ҳастӣ он ҳамаи ранги асар набохта ем

Ки ҳар ки хок шавад глФрўш мо нашавад

Баннои ваҳшат мо кист то кунад таъмир

Ба он ғубор ки помоли нақш по нашавад

Умед офиятӣ ҳаст дар назари бедил

Шикасти ранги мабодои гиреҳ гшо нашавад