Куҷост соя ки ҳастяш дастгоҳ шавад
Ҳисоби мо чиқадр бар нафас кулоҳ шавад
Магари адами барад аз сояи тирагӣ варна
Чаҳ мумкинаст ки бегоҳи мо пагоҳ шавад
Шикаст дил нашавад бе гудози ишқи дуруст
Равад ба оташ агар шиша додхоҳ шавад
Ба нури ҷилва ӯ ноз зиндагӣ дорем
Нафас куҷост агар шамъ бенигоҳ шавад
Бар офтоби қиёмати бароти хоби барад
Касе ки сояи дасти тўош паноҳ шавад
Дар ин бисот надонам чаҳ боядам кардан
Чу он фақир ки якбора подшоҳ шавад
Касе ситам зада ҳукм сарнавишт мабод
Чу сафҳаи паии сипар хома шуд сиёҳ шавад
Хароши ҷабҳаи таслим узрхоҳ хатост
Ба сари давид чу пои мунҳарифи з роҳ шавад
Урӯҷи олами иқболи зиндагӣ дар даст
Нафас ба олам дигар расад чу оҳ шавад
Хурӯш бе мазаи суфиён кабобам кард
Дуо кунед ки майхона хонақоҳ шавад
Махоҳ рӯкиши ин дӯстони хандаи камӣн
Табассумӣ ки чу болид қоаҳ қоаҳ шавад
Чу шамъи сар ба ҳаво гиря мекунам бедил
Ки пеш пой надидан мабод чоҳ шавад