Кӣ ба осонии дами обам муяссар ме шавад

Дил ба сад хӯн май гудозам то лабӣ тар ме шавад

Гар ба ин кулуфти фиғонами рбшаҳ бргрдўн занад

Сидра то тӯбои зи бори дил санавбар ме шавад

Сангро ҳам ме тавон бардошт бар дӯши шарор

Гар гаронӣҳои дил аз нола камтар ме шавад

Бекамолӣ нест маънӣ бар забони хомашон

Мавҷ чун дар ҷӯй теғ осуд ҷавҳар ме шавад

Хоки роҳи фақр бӯдани обрӯии мо бас аст

Гар миси мардуми зи файзи кимиё зар ме шавад

Нест бе илқои маънии ҳайрати саршори мо

Тӯтӣ аз ойӣнаи равшан суханвар ме шавад

Ҳасрати дилро ҳисоб аз дида бояд хостан

Ҳарчӣ дорад шишаи мо вақф соғар ме шавад

Дар дабистони ҷунун аз бас парешон дафтарем

Сафҳаи моро чу дарёи мавҷ мстр ме шавад

Шабнами ашками арақ гул кардаам ё обила

Каз саропоем гудози дил мусаввир ме шавад

Бскаҳи шарми худнамое об месозад маро

Оина дар арзи тимсолам шиновар ме шавад

Сикта бар табъи равон зулмаст ҷоизи доштан

Баҳр меларзад бар он мавҷӣ ки гавҳар ме шавад

Бедил аз бе дастгоҳии сар ба гардун суда ем

Боли моро рехтани парвоз дигар ме шавад