Зиндагӣ дар малики ибрати марг муфлис ме шавад
Хӯн намебошад дар он узвӣ ки беҳис ме шавад
Табъи ноқисро мабар дар имтиҳонгоҳи камол
Кам айёрӣ чун маҳак хоҳад , тилло , мис ме шавад
Бигузар аз ваҳми фалаки тозӣ ки фикри одамӣ
намекашад хат бар замини ҳргаҳ муҳандис ме шавад
Кист то гирад Аннан ҳарза тозон хаёл
Олимӣ дар арсаи шатранҷ Форс ме шавад
Аз дили равшани талаби шерозаи аҷзои ишқ
Партави шамъи ошёни ранг маҷлис ме шавад
Сарнигӯнӣ мекашад охир ба боғи эътибор
Гарданӣ каз тоҷи заррини шох наргис ме шавад
Аз нафас бояд айёри сози улфат ҳо гирифт
эй зи ибрати ғофилони дил бо ки мӯнис ме шавад
Ҳарчӣ гӯйии бедил аз нақсу камол огоҳ бош
Маънӣ аз вазъи иборати рутаб ва ёбс ме шавад