Оташи шавқи талаби онҷо ки равшан ме шавад

Гар ҳамаи мижгон ба ҳам орем доман ме шавад

Доғро ойӣнаи таслим бояд сохтан

Варна моро нолаи ҳам рагҳои гардан ме шавад

Муддати мавҳуми ъмрохрнФс тай ме кунад

Ришта чун раҳи кӯтаҳ аз рафтор сӯзан ме шавад

Дар савод фақр дорад ҷавҳари таҳқиқи нур

Чун ҷаҳон торик гардад шамъ равшан ме шавад

Шишау санги оташ ва обанд давр аз кӯҳсор

Олимӣ бо ҳам ҷудо аз асл душман ме шавад

Аз лаби хандон ба чашми ҷом май мегардад об

Ъушрати саршори ҳам сомон шеван ме шавад

Пар мефишон бар дили мо домани зулфи расо

Зини адоҳо сбҳаҳи зуннор брҳмн ме шавад

Хатми кори ҷустуҷӯ бар хок аҷз афтоданаст

Ашк чун монад аз давиданҳо чакидан ме шавад

Гар ту ҳам аз худ буруни оеи ҷаҳони дайгарӣ

Донаи худро медиҳад бар бод ва хирман ме шавад

Биқророни ҷунунро манъи ваҳшат мушкил аст

Ноларо занҷири ҳам сомон рафтан ме шавад

Нақши ман гирди фано , гул кардан ман нестӣ

Чархи ҳам хокаст агар ойӣна ман ме шавад

Бедили имшаби бсмли теғи таманноӣ кӣ ам

Боли ман барги гул аз файз тапидан ме шавад