То дами теғат ба арзи ҷилва урён ме шавад
Хӯни захми ман чу ранги азгл намоён ме шавад
Гар чамани зин ранг меболад ба ёди мақдамат
Шохи гули маҳмили каши парвоз мурғон ме шавад
То нишонди брлби теғи ту нақши ҷавҳарӣ
Дар даҳони захми ошиқи бахя дандон ме шавад
Тарки худдории сети мушкил варна мушти хоки мо
Тарафи домоне гар ифшоанд биёбон ме шавад
Ҳарки рафт аз дидаи доғӣ бар дили мо тоза кард
Дар замини нарми нақши по намоён ме шавад
Кӣна меёбад ривоҷ аз срдмҳриҳои даҳр
Обрӯии оташи афзӯн дар зимистон ме шавад
Кулуфти асбоби ранҷ , табъи ҳирс андӯд нест
Хору хас дар дида ӣ гирдоб мижгон ме шавад
Софии дилро зиёратгоҳ ибрат карда анд
Ҳарки мерад хонаи ойӣна вайрон ме шавад
Ҳокими маъзулро аз бевиқорӣ чора нест
Зулф дар даври ҳуҷуми хати магас рон ме шавад
Ашк дар кораст агар мо ранг афғон бохтем
Ҳарчӣ дил гум мекунад бар дида товон ме шавад
Шуълаи мо ҳарқадр хокистар иншо ме кунад
Ҷомаи урёнии моро гиребон ме шавад
Дастгоҳ ҳастӣ аз вазъи саҳар мумтоз нест
Гардӣ аз худ мефишонд ҳар ки домон ме шавад
Коҳишам чун шамъи муфти дастгоҳ ҳайрат аст
Нест бе суди тамошои ончӣ нуқсон ме шавад
То туоне бедил аз машқи фано ғофил мабош
Мушкил ҳар орзӯи збни шева осон ме шавад