Перии видоъи умри сбкболи вонамӯд

Мӯии сифеди об ба ғарболи вонамӯд

Ин ҷинси эътибор ки дар корвони мост

Хоҳад ғубори монда ба дунболи вонамӯд

Ҷое ки шарм нам кашад аз гиру дори ҷоҳ

Натавон ба кӯси шӯҳрати иқболи вонамӯд

Мо ва ман аз фусуни таъаллуқ баҳор кард

Парвози рангҳо зи пару боли вонамӯд

Ишқ ончӣ хонд дарбари мо зулфи вкоклш

Бар зоҳидӣ , слослу ағлоли вонамӯд

Зон нуқтае ки зад дили маҷнӯнаши интихоб

Лайлӣ ба ҷамъи лолаи рухони холи вонамӯд

Моро ба ҳарчӣ ишқи фурушади камоли мост

Биспурад ҳар матоъ ва ба даллоли вонамӯд

Рамзи адами зи ҳеҷ лабии парда дар нашуд

Васфи даҳон ӯ ҳамаро лоли вонамӯд

Калакӣ ки гашти муҳаррами мактуби аҷзи мо

Сатрӣ агар намӯд ҳамон на?ил вонамӯд

Ҳарҷо чу сояи номаи ибрат гушӯда ем

Бояд ҳамин сиёҳии аъмоли вонамӯд

Ҳайрат ба кори дил гиреҳӣ зад ки чун гуҳар

Натавонаш ним уқда ба сад соли вонамӯд

Бедили зи ибратӣ ки дар ойӣна ҳаёст

Моро баси сет агар ҳамаи тимсоли вонамӯд