Аз ҳуққаи даҳонаш ҳар гуҳ сухан барояд

Об аз ақиқи резад дар аз адан барояд

Аз шавқи субҳи теғаш монанди мавҷи шабнам

Гулҳои захми дилро об аз даҳан барояд

Аз рӯй доғи ҳасратгар пунбаи бози гирам

Бо сад забона чун шамъ аз перҳан барояд

Бинад зи бори хиҷлат чун тешаи сарнигӯнӣ

Бар бесутуни дардамгар кӯҳкан барояд

Васфи баҳори ҳасанашгар дар чаман бигӯям

Чун булбул аз гулистон , гули наъра зан барояд

Тори нигаҳи расонади назораро ба рӯйиш

Ҳаркас ба боми хуршед бо ин расан барояд

Бедили калом ҳофиз шуд ҳодии хаёлам

Дорам умеди охири мақсӯд ман барояд