Охири з саҷдаам арақи ҷабҳа сар кашид
Ғаввосии муҳӣти адаби ин гуҳар кашид
Чндонкаҳи шӯри субҳ қиёмат шавад баланд
Имрӯзи пунба боядам аз гӯш кар кашид
Аз бебизоъатӣ ба гадоӣ мисл шудам
Чун ҳалқаи косаи тиҳии аи ми дарба дар кашид
Ҷому шароби маҳфили асрор хомшӣ аст
Худро наҳанги ҳавсилаи шамъи дркшид
Ҳангомаи таматтуъи ин боғ фитна дошт
Сарву чанори даст ба ҷой самар кашид
Арзи камоли равнақи бозори мо шикаст
Ҷавҳари зи оби оинаи мавҷ хатар кашид
Равшан нашуд ки аз чаҳ биёбон расида ем
Бояд чу шамъи хори қадам то саҳар кашид
Гардани кашон ба арсаи тақдир чун ҳилол
Теғӣ кашидаанд ки хоҳад сипар кашид
Наққошии саноеъи пардоз саҳар дошт
Товуси рангҳо баҳам оварад ва пуркашид
Ҳар гавҳарӣ ба санг дигар қадар дошта аст
Хуршеди ашки шабнами моро ба зар кашид
эй ғунчаҳо зи тарки такаллуф чаман шаванд
Сар нест он қадр ки тавон дардисар кашид
Аз биксӣ чу шамъи дарин ибрати анҷуман
Ранг парида буд ки моро ба бар кашид
Тоқат рамед бскаҳ ба ваҳшат қадам задем
Беди ли шикасти домани мо то камар кашид