Субҳ шуд дар арса гардун магӯ хандони сифед
Каф ба лаб овардааст ин бахтии кӯҳони сифед
То куҷо равшан шавад аҷзи тараддудҳои халқ
Баҳри ҳам дар хӯрд гавҳар мекунад дандони сифед
Ҷодаи паймои адам будему кас муҳаррам набӯд
Ин раҳ хобида шуд аз лағзиши мижгони сифед
Шубҳаи таҳқиқ нақшӣ мезанад бар рӯй об
Ҷузи сиёҳӣ ҳеҷ натавон шуд дарин майдони сифед
Занг дорад ҷавҳари ойӣнаи арзи камол
ДрклФ хобид ҳарҷо шуд маи тобони сифед
То нагардад сахти ҷонии дастгоҳи инфеъол
Устихон дар пайкар мо мешавад пинҳони сифед
Зиргрдўн чун сҳрдрик нафас гаштем пер
намешавад мӯии асири ани зуд дар зиндони сифед
Роҳи ғурбати як қадами ранҷиш кам аз сад сол нест
Ашкро аз дида даврӣ кард то мижгони сифед
Базм мегармаст аз дмсрдии воъиз чаҳ бок
Барфи натавонад шудан дар фасли тобистони сифед
Интизори теғи нозаш инфеъол оварад бор
Чун арақи грдидохри хӯни муштоқони сифед
наменавиштам номае бе матлаби қурбониён
Ҷӯши навмидии зи бас каф кард шуд унвони сифед
Корвони интизори охир ба ҷое ме расад
Бедил аз чашми терми роҳии сети токнъони сифед