Ёрон ба ранги рафтаи ду рӯзам мисл кунед

Тимсоли ман камастгар ойӣна тел кунед

Анҷоми ин бисот дар оғоз хуфта аст

Шоми абади тасаввури субҳ азал кунед

Як гоми пеш аз об дар ин варта оташ аст

Фикрӣ ба сайри ибрати ҳут ва ҳамл кунед

Гар дастгоҳи чинӣ бе мӯаст эътибор

Рафъи ҳавас ба хораши сарҳои кул кунед

Бе забти ҳирс пеш нарафтааст саъии халқ

Тадбири пои ланг ба бозуӣ шул кунед

Ин пушту паҳлуе ки бимолид бар замин

Даллоки имтиҳонии рафъ Касал кунед