Ёрон , чу субҳи и , қимати ваҳшат гарон кунед
Домони чидаро ба тасаннӯъ дукон кунед
Ҷаҳд дигар ба қӯти тарк талаб куҷост
Корӣ каз орзӯ накушояд ҳамон кунед
Миъроҷи саъии марди ҳамин истиқомат аст
Лангӣаст ҳар қадари ҳавас нардбон кунед
Беҳарфу савт , маънии таҳқиқ равшан аст
Ойӣнаи худ аз назари худ ниҳон кунед
Тавфиқи фикри хеш ба ҳаркас наме диҳанд
Гар ҷайб нест рӯи басӯи осмон кунед
Нақси вкмол ва , пасту баланди ҷаҳон яке аст
Нақши ҷабину нафаси қадам имтиҳон кунед
Музди талоши илму амал хиҷлатасту бас
Аз олами карами талаб ройгон кунед
Олами ҳама ба неку бади худ муқобил аст
Ойӣнаро зи ҳасани адаб меҳрбон кунед
Чун шамъгар ба маънии роҳат расӣдан аст
Дарси нишастани паии зону равон кунед
Паҳлавии лоғарӣ ки қаноат нишон диҳад
Дар нақши бӯрёии таҷарруд ниҳон кунед
Аз шишаи дил ончӣ таровад ғанимат аст
Қлқл агар намонад тарангӣ аён кунед
Хуршед дар талофии савдоӣ ҳиммат аст
Гар як ду дам чу субҳ з ҳастӣ зиён кунед
Рӯзии ду аз нами арақи шарми зиндагӣ
Хокӣ ки бод май барад охиргарон кунед
Дар зибр пост хоки муроди ғурури аҷз
эй ғофилони талоши ҳамин остон кунед
Ҳангома диласт чаҳ дунё чаҳ охират
Бедил шаведу тарки ғами ин ва он кунед