эй шуълаи ниҳол аз қаламати гулшани коғаз

Дӯд аз хати мишкӣни ту дар хирмани коғаз

Хат нест ки гул кард аз он калаки гуҳарбор

Бархеста аз шавқи ту мӯ бар тани коғаз

Бо ҳасрати дил ҳеҷ напардохт нигоҳат

Кош оина медошт фиристодани коғаз

Лухти ҷигарами сади раҳ нола нигарадед

Пинҳон нашуд ин шуъла ба пероҳани коғаз

Аз ваҳшати ошӯби ҷаҳон ҳарчӣ навиштам

Ифшоанд хат аз хеши пар афшодани коғаз

Саҳласт ба ин ҳастӣ мавҳуми ғурурат

Оташ натавон рехт ба прўизни коғаз

Бо теғ тавон шуд тараф аз чарби забонӣ

Дар об чу равған набӯд ҷавшани коғаз

Бар фурсат ҳастӣ мафрушед тааюн

Гӯи як ду шарар чин накушуд домани коғаз

Чун хомаи хиҷолати каши ин мазраъ хушкем

Чидем нами ҷабҳа ба афшурдани коғаз

Бедили сари фаввораи ин боғ нигун аст

Токӣ ба қалами оби диҳии гулшани коғаз