Шабӣ ки шуълаи ёд ту дошт сайри ҷигар
Чу ахгарами арақи чеҳра буд хокистар
Суроғи субҳи муҳайёии сози гум шудани сет
Намӯдаанд маро дар шикасти ранги асар
Сбкрўони фано бо нафас наме созанд
зи дӯд реша надоранд донаҳои шарар
Камоли сӯхтагони печу тоби навмидии сет
Фатилаи оинаи доғро буд ҷавҳар
Ба маҳфилӣ ки нигоҳаш тағофул олудаст
Ба гирди ҳалқа мотам тапад хати соғар
Ба васфи субҳи биногваш ӯ чаҳ пардозад
з риштааст нафаси хушк дар дили гавҳар
Мноз бар ҳунар эй содаи дил ки оина ҳо
зи дасти ҷавҳари худ хок кардаанд ба сар
Фурӯғи маҳфил беобрӯӣ умр ҳавост
Ба ҷуз нафас натавон рафтан аз бисоти саҳар
Тапиши кудуратам аз табъ мунфаил наравад
намеравад ба фишурдани ғубори доман тар
Хурӯши аҳли ҳаёи пардаи дори хомӯшии сет
Садои коса чашмаст печу тоби назар
Гирифтам онкӣ ба худ ворасӣ чаҳ хоҳӣ дид
Чу акс бар дар ойӣна эҳтиёҷ мабар
Ба силк назм расед обрӯии мо бедил
Гуҳар ба ришта кашидем аз хати мстр