Теғ дар дастаст ёр аз ҷайби беруни ори сар

Субҳ шуд бепарда аз хоб гарон бурдор сар

Фоли оҳанги шаҳодати зан ки дар майдони ишқ

Ҳаст бесаъй баридани пой бе рафтори сар

Дар муҳӣти ишқи коФсўни шаҳодат мавҷ ӯст

Чун ҳубоб аз улфати тан боядат безори сар

Аз забони бенавоӣ шамъ меояд ба гӯш

К-эй ҳарифон нест ӣнҷои офияти дарбори сар

эй фалак дар даври чашму абрӯии он фитнаи ҷӯй

Аз маи нави нохунии пидокн ва мехор сар

Май нишонди боли қамарии сарвро дар зери теғ

Гар кунад бо қомат ӯ даъвии рафтори сар

Даҳр агрглхн шавад сомони айш ман куҷост

Ёди рухсор туам дода сет дар гулзори сар

Аз газанди халқи дил фориғ кун ва осӯда бош

Чанд бояд дошт боб кӯфтан чун мори сар

Вазъи ҳамвории мада аз даст агар соҳиби дилӣ

Нест ӣнҷои сбҳаҳро ҷуз бар хати зуннори сар

Бар нтобад водии таслими мо гарданкашӣ

Ҳамчуи нақши по дар ин раҳ мешавад ҳамвори сар

Аҳли дунёро зи ҷусти вҷўии дунё чора нест

намекашад ночори каркаси ҷониби мурдори сар

Дар ҷаҳон бе ниёзии ҷузи шаҳодат боб нест

Шамъи сони чандон ки мақдӯрат буд бурдор сар

Ҳосили кори шукуфтанҳои мо ошуфтагӣ аст

Ғунчаро баъд аз дамӣдан мешавад дастори сар

Бо кадомин обрӯи гардани тавон афрохтан

Ҳамчуи шамъам кош бошад як баридани вори сар

Ҷӯши баҳр бе ниёзии ташна асбоб нест

Чун гуҳар бегардан ӣнҷо медиҳад бисёр сар

Ашк мижгонаст бедили барги сози ин чаман

Май наад ҳар ғунча бар болини чандини хори сар