Аз бас ки зад хаёли туами об дар назар

Мижгон шикастаам зи раги хоб дар назар

Ҳар гавҳарӣ ки дар садафи дидаи доштам

Аз хиҷлати нисор ту шуд об дар назар

Рӯзу шабам ба олами сайр хаёл туаст

Хуршед дар муқобилу маҳтоб дар назар

То кӣ дар интизори баҳори табассумат

Шабнами сифати намак задани хоб дар назар

Онҷо ки нест абрӯии бути қиблаи ҳузур

Хӯн мехӯрд брҳмни миҳроб дар назар

Мо дар мақоми оина ранг дигарем

Чун ашки доғ дар дилу симоб дар назар

Бечораи одамӣ ба такаллуф куҷо равад

Авҳом дар тахайюлу асбоб дар назар

То гул кунад нигоҳ ба мижгон танида аст

Аз зулф кист ӣнқадарами тоб дар назар

эй ҷилваи интизори парӣ , сайр шиша кун

Ҷуз лафз нест маънӣ ноёб дар назар

Бедил дар интизор ту дорад зи оҳу ашк

Сад гирдбод дар дилу гирдоб дар назар