намегӯям ба гардун сайр кун ё бар ҳаво бингар
Нигоҳӣ кардае гул то туоне пеш по бингар
Ба парвози ҳаво то кӣ урӯҷи оҳистагии ғифлат
Ҳазизи қадари ҷоҳ аз сояи бол ҳумо бингар
Нагардӣ аз гарониҳои бори зиндагии ғофил
Ба ибрат ошно кун дидау қад дўто бингар
Ту эй зоҳид макун чандини ҷафо дар ҳақи бенаӣ
Бро аз хилвату кайфияти сунъ худо бингар
Ҳубоб бесару поят паёмӣ дорад аз дарё
Ки эй ғофили замонии хешро аз мо ҷудо бингар
Чу не аз нотавонии нолаҳо дар лаб гиреҳ дорам
Нафас кун сарфи имдоди ману арз наво бингар
Дар ин гулзор ҳар сӯи шабнамӣ бар хок май ғлтд
Ба ҳоли хандаи гули гиря ҳо дорад ҳаво бингар
Хироми сайл дар вайрона ҳо дорад тамошое
зи рафторат қиёмат меравад бар дил биё бингар
Ҷабинии суду ранги тӯҳмати хӯни баст бар поят
Ба ойини адаби густохии ранг ҳино бингар
Ба инсофи ҳаё то парда рӯй ҳасади бандӣ
Ба он чашмӣ ки худро дида бошӣ сӯй мо бингар
зи соз рафтанаст омода ҳамчун шамъи аҷзоят
Саропои худ эй ғофил ба чашми нақш по бингар
Асарҳои мурувват аз сияҳи чашмони мҷуи бедил
Вафо кун пешау зини қавми ойин ҷафо бингар