Ба сафҳае ки ҳадис ҷунун кунам таҳрир
зи сатр , нола таровад чу шеван аз занҷир
Чаҳ мумкинаст дар ин анҷуман ниҳон монад
Сиёҳи бахтии ошиқ чу мӯ ба косаи шер
Харобаи дили маҳзуни бенавоён ро
Ба ҷузи ғубори таманно ки мекунад таъмир
Баҳор ҳастӣ агар ин буд хушо рангӣ
Ки сарф кард сипеҳраш ба пардаи тасвир
зи дасти аҳли адам ҳарчӣ ояд эъҷоз аст
Ба хизматам напазиранд агркнми тақсир
Шроркоғзм аз оҳи ман ҳазар макунед
Ки ҳам ба худ занами оташи агркнми таъси
Гирифтам инки дар ин дашт бе нишони мақсад
Ба манзилӣ нараседӣ суроғи обилаи гир
Саводи нусхаи мо сахти мубҳами афтодаи сет
Хаёли ҳайрат ойӣна мекунад таҳрир
Нагашт саъии амли сади роҳи ваҳшати умр
Ба пой шуъла нашуд мавҷи хору хаси занҷир
Замини тинат мо нест кӣнаи хези нифоқ
Ба об , оташ ёқӯт кардаанд хамир
Ба худ ситам макун эй золими ҳасади бунёд
Ки ҳаст яксар пайкон ҳамеша дар дили тир
Ҳазари зи замзамаи андалеби мо бедил
Ки ахгараст ба минқори мо чўотшгир