Дил аз фусуни таъаллуқи нигоҳ дар занҷир
Чу мавҷ чанд тавон рафт роҳ дар занҷир
Амл ба табъи нафаси субҳ маҳшарӣ дорад
Ҳануз рбшаҳи наҳуфтаи сети оҳ дар занҷир
Чаҳ мумкинаст зи савдои турраи ?ути растан
Нишастаем ба рӯзи сиёҳ дар занҷир
Ба сози зиндагӣ озодагӣ наёяд рост
Касе чаҳ арз диҳад дастгоҳ дар занҷир
Ба ҳар сифат ки тааммул кунӣ гирифтории сет
Ту хоҳи маҳв хирад бошу хоҳ дар занҷир
Ба ҷурм зиндагӣаст ин ки мебаранд ба сар
Гудози далқу шаҳ аз ҳуби ҷоҳ дар занҷир
Чу бахт , ёр набошад , ба ҷаҳд натавон кард
зи ҳалқаҳои мурассаъи кулоҳ дар занҷир
Нишондаам ба сари интизори ҷунун
Ҳазор чашми тиҳӣ аз нигоҳ дар занҷир
Ҳуҷум нолаам , аз роҳатам магӯ беди л
Кашидаам нафасии гоҳгоҳ дар занҷир