Бепардааст ва нест аёни рози ман ҳануз

Аз хок май дамади чўглми перҳан ҳануз

Умрӣаст чун нафаси ҳамаи ҷаҳдам вале чаҳ суд

Як гом ҳам нарафтаам аз хештан ҳануз

Чун шамъи хомшӣ ки фурӯзӣ дубора аш

Май сўздми сипеҳр ба доғи куҳан ҳануз

эй маҳви ҷисми даъвӣ озодят хатост

Яъне з байза нест буруни пар задан ҳануз

Олам ба ин фурӯғи назари ҷилва гоҳ кист

Шамъи хаёл сӯхтааст анҷуман ҳануз

Фарёди мо ба пардаи дил бол ме занад

Нагузаштааст партави шамъ аз лаган ҳануз

Андӯҳи ғурбат об накарда сети пайкарат

Гул нест эй стмздаҳ , роҳи ватан ҳануз

Осӯдагӣ чу оби гуҳари тӯҳмат ман аст

Дорад зи мавҷи домани рангами шикан ҳануз

Маргам накард эмин аз ошӯби зиндагӣ

Ҷамъаст риштаҳои амл дар кафан ҳануз

Як ҷилваи интизори ту дар хотирами гузашт

Ойӣна май дамади зи саропои ман ҳануз

Барқи таҳайюрам чаҳ шуд аз хеш рафта ам

Парвози ман бар оина дорад сухан ҳануз

Хокистарии зи оташи ман гул накарда аст

Дил ғофиласт аз намак сӯхтан ҳануз

Аз бе насибии ман ғифлат ҳаво мапурс

Дрхўн тапид шавқ ва нагаштам чаман ҳануз

Бедили ғубори қофилаи ҳарза тозӣ ам

Мақсад гумаст ва май рӯм аз хештан ҳануз