Аз лаби хомаши забони вомонда комасту бас
Бол аз парвоз чун монад ошён домасту бас
Маркази тасхири дили ҷуз дида натавон ёфтан
Гӯши минои ҳалқае гар дорад он ҷомаст вбс
То нафаси боқӣ сет натавон басти боли эҳтиёҷ
Ин Ганаҳое ки мо дорбм ибромасту бас
Аз нишони каъбаи мақсӯд огаҳ нестам
ӣнқадар донам ки ҳастӣ соз эҳромасту бас
Водӣ имкон надорад дастгоҳи ваҳшатам
Ҳар тараф ҷавлон кунад назораи як гомасту бас
Бастааст аз мӯии чинии сӯратами наққоши сунъ
Субҳи эҷодами ҳамон гул кардан шомасту бас
Дастгоҳи мо ва ман чун субҳ барбод фаност
Саҳни ин кошонаҳо яксар лаб бомасту бас
Кош аз хиҷлати шарорам барнаме омад зи санг
Сӯхтам аз шарми оғозӣ ки анҷомасту бас
Брпри анқои ту ҳар рангӣ ки мехоҳӣ бабанд
Сӯрат ойӣна ҳастӣ ҳамин номасту бас
Беш аз ин натавон ба афсуни муҳаббати зистан
Доғам аз андешаи васлӣ ки пайғомасту бас
Пухтагии деги суханро боз медорад зи ҷӯш
То хамӯшӣ нест бедили муддао хомасту бас