Чашм во кун шаш ҷиҳат ёрасту бас

Ҳар чаҳ хоҳӣ дид , дидорасту бас

Сбҳаҳ бар зуннори ваҳмӣ баста анд

Ин гиреҳгар вошўд торасту бас

Гар баланд ва паст нафурӯшад тамиз

Аз замин то чарх ҳамворасту бас

Ҳар нафаси сад ранг бар дил май хулд

Зиндагонии неш озорасту бас

Чанд бояд рӯзи бозори ҳавас

Чинии ?утро мӯи шаб торасту бас

Боғ имкон нест огоҳии самар

Ҷаҳл то дониши ҷунун корасту бас

Мабҳаси суду зиён дар хона нест

Шӯри ин савдо ба бозорасту бас

Корӣ аз тадбир натавон пеши барад

Ҳар ки дар кораст , бекорасту бас

Дӯд натавон баст бар дӯши шарор

Чун зи худ рстии нафас борасту бас

Ҷаҳли мо бедил ба огоҳӣ насохт

Нур бар зулмати шаб торасту бас