Зиндагӣ маҳрӯм такрорасту бас
Чун шарари ин ҷилва як борасту бас
Аз адам ҷӯйед субҳ эй оқилон
Олимии ӣнҷо шаб торасту бас
Аз заъифӣ бар рухи тасвири мо
Ранг агар гул мекунад борасту бас
Ғифлати мо пардаи бегонагии сет
Муҳаррамонро ғайр ҳам борасту бас
Кист то фаҳмади забони аҷзи мо
Нолаи ӣнҷо набз беморасту бас
Нест офоқ аз дили сангини тиҳӣ
Ҳркҷо рафтем кҳсорсту бас
Аз шикасти шиша дилҳо мапурс
Шшҷҳти як нештар зорасту бас
Дар таҳайюри лиззати дидори кӯ
Дида ойӣна бедорасту бас
Ихтилот халқ набӯд бе газанд
Базми суҳбат ҳалқа морасту бас
Чун ҳубоб аз шайхӣ зоҳид мапурс
Ин сар бемағз дасторасту бас
эй сарат чун шуълаи пари боди ғурур
Инки гардан май кашӣ , дорасту бас
Бедил аз зиндониён улфатем
Буии гулро ранг , деворасту бас