Пари тираи рӯзам аз ман бепо ва сар мапурс

Хокам ба бод то надиҳӣ аз саҳар мапурс

Дар дили буруни дил чу нафаси бол май занам

Оворагеи гул ватанаст аз сафар мапурс

Субҳи он замон ки арз нафас дод шабнам аст

Парвозам об мешавад аз бол ва пар мапурс

Ҳастӣ фасонааст куҷои ҳиҷру кӯи висол

Таъбири хобат инки шунидӣ дигар мапурс

Гаштем ғарқи сад арақи нанг аз эътибор

Дарёи зи саргузашти румуз гуҳар мапурс

Мо бихўдони зи маънии худ сахт ғофилем

Ҳарчанд санг оинааст аз шарар мапурс

Фрсўди чорае ки тараф шуд ба ранҷи даҳр

Бо сандал аз муомила дардисар мапурс

Ҳаркаси дарин бисот суроғ худасту бас

Норафта дар саводи адам зон камар мапурс

Дилро ба фаҳми маънии он ҷилва бор нест

Нози парии зи коргаҳи шиша гар мапурс

Сабтаст рамзи ишқ ба сатри забони лол

Мазмуни номаи инки зи қосид хабар мапурс

Бедил нагуфтанӣаст ҳадиси ҷаҳони ранг

Сад бор беш гуфтам аз ин бештар мапурс