Фарёди ҷаҳони сӯхти нафаси саъии камандаш
То серумаи расонид ба мижгони баландаш
Аз ҳайрати роҳи талабаши анҷуму афлок
Гум кард садои қофилаи знглаҳи бандаш
Нанамуд саҳар низ дарин маърази номӯс
Беш аз ду нафаси ришта ба сад чоки прндш
Ҳар гирд ки бархест азин дашти парӣ буд
Ёрб ба чаҳ рафтор ҷунун кард самандаш
Сад Мисри шукр об шуд аз шарми ҳаловат
Пеши ду лаб ӯ ки мукаррар шудаи қандаш
Кӯи тӯҳфаи дигар ки бирзд ба қабӯлӣ
Дили пешкашӣ буд ки дар хок фикандаш
Ҷуз дар чамани шарм ҷамолаш натавон дид
эй ойӣнаи созон арақ афтод писандаш
Таслим ба ғорткдаҳ яъс надорад
Ҷузи саҷда ки тарсами зи ҷабинами бибарандаш
Чун ман зи дили хоки камарбастаи ҷаҳонӣ
То зӯр чаҳ ҳиммати гусалади ӣнҳамаи бандаш
Ташвиши дил кас натавон саҳл шумурдан
Зон шиша ҳазар кун ки ба роҳати шкнндш
Дили фитнаи шўроФкн ҳангома ҳастӣ аст
На миҷмари гардун ва як овози сапандаш
Бедил ба ки гӯям ғами бедоди муҳаббат
Ин тир на оҳии сет ки аз дили шкнндш