Дили девона Эй дорам ба гесуии грҳгирш

Ки натавон доштан ҳамчун садо дар банди занҷираш

зи хоби офият бегона бошад чашми захми ман

Сртслим то наниҳад ба болини пари тираш

Ту дар банди худии қадари хурӯши дил чаҳ май доне

Ки овози ҷарас гмгштгон донанд таъсиаш

Магӯ афсаради ошиқгар надории пои ҷавлонӣ

Чўгли сад ранг парвозаст зери боли тағайюраш

Моли кори ғифлатҳои моро кист дарёбад

Ки ҳамчун хоби махмали ҳайрат маҳзаст таъбираш

Суфолу чинии ин базм бар ҳам хӯрданӣ дорад

Ту аз фақру Гана омода кун сози Бам дар зераш

Ғубори сайдам аз саҳрои имкон рафтаам аммо

Ҳануз аз хӯн ман дорад равонии оби шамшераш

Тамошогоҳи саҳрои муҳаббат ҳайратӣ дорад

Ки бояд дар дил ойӣна хуфт аз чашми нахҷӣраш

Асари парвардаи завқи гирифторӣ дилӣ дорам

Ки болад шӯри занҷир аз шикасти ранги тасвираш

Дами перии Фсрдн бар дили ошиқ наме бандад

Таби шамъ муҳаббат нашканад субҳ аз тбоширш

Ҷавонӣҳои авҳомат ба ин хиҷлат наме арзад

Ки чун назораи хами гардидан мижгон кунад пераш

Мапурс аз сози ҷисму улфати тори нафаси бедил

Ҷунуни дордкФи хокӣ ки ман дорам ба занҷираш