Дилӣ ки гардиши чашми ту бишиканади созиш
Ба завқи серума шудани хоки лӣсади овозаш
Ба ҳар замин ки хироми ту шухии ангезад
Чаман ба ханда нагирад ғубори глбозш
Ба маҳфилӣ ки нигоҳат ҷунун кунад таъмир
Парӣ ба санг занад шишаи хонаи нозаш
Ба хонае ки муқӣмон интизор тавонад
Зананд аз оинаҳо ҳалқа бар дар бозаш
Ман ва ҷунун зада ашкӣ ки чун ба шӯр ояд
Бақадр обилаи пои дамади так ва тозаш
Ғубори арсаи гуҳи ҳамтем ки то ба абад
Чу осмон нанишинад зи пои сари афрозаш
Ба рангами оинае буд сояпарвар ноз
Дар офтоби нишонди илтифоти парвозаш
Талоши халқ ки анҷом ӯст хок шудан
Ба ранги ашк тарӣ мечакад аз оғозаш
Ба гирди олам кам фурсатӣ ватан дорем
Шарар хушаст ба парвози ошёни созиш
Чаҳ шуълаҳо ки наомад ба рӯй оби имрӯз
Мапурс аз арақ бе димоғии нозаш
Зхўиш то нарӯй нози ин чаман барҷост
Шикаст дар пари ранг ту кард парвозаш
Ба кӯҳи бедил агар нолад аз гаронии дил
Фурӯ ба санг равад то қиёмати овозаш