Онро ки зи худ баради таманнои суроғаш

Чун ашки пар аз рафтан худ кард аёғш

Ҳар чарби забонӣ ки ба шухии илми афрошт

Карданд чу шамъ аз нафаси сӯхтаи доғаш

Раҳмаст бар он хаста ки чун оҳи надомат

Дар гӯшаи дил низ надоданд фироқаш

Фарёд ки дар гулшан имкон натавон ёфт

Субҳӣ ки ба шабҳо накушуд бонги калоғаш

Пайдоеи ҳақи нанг далоил напасандад

Хуршед на ҷинсӣаст ки ҷӯӣ ба чароғаш

Ин нашъаи зи кайфияти ҷавлон ки гул кард

То зарра дар ин дашт ба чархаст димоғаш

Ҳайрати чамани мастӣ ва махмурӣ ваҳмем

Тимсол дар ойӣнаи шикастаи сети аёғш

Дар мамлакати сояи зи хуршед нишон нест

эй бихбр аз мо натавон ёфт суроғаш

Хокистарат аз дӯди нафас бол фишон аст

Оташи қафас фохта дорад пари зоғаш

Аз шевани рангини вафо ҳеҷ мапурсед

Дили он ҳамаи хӯни гашт ки бурданд ба боғаш

Бедили ману базмӣ ки зи яктоеи улфат

Хокистари парвона буд боди чароғаш