Чу дарёбад касе ранги адои чашми худ комаш

Ниҳонтар аз раг хобаст мавҷи бода дар ҷомаш

Рсоииҳо ба фикри турра ӯ хок май бӯсад

Мапурс аз шонаи кӯтоҳи дасти оғозу анҷомаш

Хаёл ӯ муқӣми чашм ҳайронаст , май тарсам

Ки осебии расонади ҷунбиши мижгон бар андомаш

Ба завқи шухии он ҷилва чун ойӣнаи шабнам

Нигоҳӣ нест дар чашмам ки ҳайронӣ кунад ромиш

Табассуми соғари субҳи таманноӣ ки ме гардад

Агар ёбӣ ба сад даст дуо бурдор дашномаш

Гар ин бошад ғурури шеваи нозӣ ки ман дидам

Ба коми хеши ҳам мушкил ки бошад лаъли хўдкомш

Чаҳ имконаст дилро дар хиромаши забти худкардан

Ҳамагар санг бошад бар шарар май бандади оромиш

Агар дар хонаи ойӣнаи ҳасанаш партав андозад

Чу ҷавҳари лъмаҳ хуршед ҷӯшад аз дару бомаш

На танҳо дар дили ойӣнаи ранг ҷилва ме хандад

Дар оғӯши нигинҳо ҳам табассум мекунад номаш

Тавофи хоки кӯяши он қадри ҷаҳд тараб дорад

Ки рангу буии гул дар ғунчаҳо май бандади эҳромаш

Дар он маҳфил ки ҳасани олами ороиш буд соқӣ

Фалак миност май айши абади хуршеди вмаҳи ҷомаш

зи нахли он қади дилҷӯи назокатро тамошо кун

Ки хам гардӣда шохи абрӯ аз бори ду бодомаш

Умед аз васл ӯ мушкил ки гардад доғи маҳрӯмӣ

Нафас то метапад бар хеш даркораст пайғомаш

Сари ангушти ашороти хаташ бо дида ме гуяд

Ҳазар бояд зи сайёдӣ ки хуршедаст дар домаш

Марӣзи шавқи бедили ҳаргиз осўдн наме хоҳад

Ки ҳамчун набзи мавҷи охир кафан мегардад оромиш