Оҳ аз ин ҷилваи ниқоби фуруш

Баҳр дар ҷайб ва мо ҳубоби фуруш

Ту ва сад мавҷи гавҳари тамкин

Ман ва як ашки изтироби фуруш

Инфеъоласт шабнами ин боғ

Арақӣ гул куну гулоби фуруш

Чашмӣ аз нақши ин ва он бар банд

Эътибори ҷаҳон ба хоби фуруш

Дили афсурдаи санг роҳ вафост

Кош хӯн гардад ин ҳиҷоби фуруш

Ҳуш агар сад қумоши пардозад

Ту ба як ҷуръаи шароби фуруш

Охркори шуълаи ҳамвории сет

Нафасӣ чанд печу тоби фуруш

Ба ҳавас поймол натавон зист

Махмал мо мабод хоби фуруш

Боби ғами ҷузи дил гудохта нест

Муштарӣ ташнааст , оби фуруш

Қадари доғи ҷигар чаҳ май доне

Рӯ ба дкончаҳи кабоби фуруш

Сояи пурвирд ҷилва ёрем

Хоки могиру офтоби фуруш

Бедили айёми ғоза корӣ рафт

Монад бахти сияҳи хизоби фуруш