Агар зини ранг , тамкин мезанад мавҷ аз саропояш

Хироми хеши ҳам мушкил тавонад барад аз ҷояш

Ба ғорати рафтаи гирди хиром ӯ дилӣ дорам

Ки чун гесуии маҳбӯбони парешонеи сети аҷзояш

Забон дар серума май ғлтди асирони нигоҳаш ро

Садоро ҳам раҳоӣ нест аз мижгони гирояш

Нигоҳ аз чашми ҳайронам чу дӯд аз доғ ме ҷӯшад

Қиёмати рехт бар ойӣнаам барқи тамошояш

Нахоҳад дӯди худро шуълаи доғи хиҷлати пастӣ

Науфтад соя бар хок аз ғурури нахли болояш

Вафо дар ҳар сифат беранг таъсирӣ наме бошад

Ҳануз аз хоки муштоқон ҳиное мешавад поиш

Видоъ ҳастӣ ошиқ надорад он қадари кӯшиш

Ҳамон баргаштан аз ёди ту холӣ мекунад ҷояш

Нагардад зоил аз ашки надомати нақши пешонӣ

Хутути мавҷ шустан мушкиласт аз оби дарёяш

Надорад тоқати як ҷунбиши мижгони дили ошиқ

зи бас чун ашки лабрези чкиднҳости минояш

Ба ин ҳастӣ фаноро дастгоҳи рафъ хиҷлат кун

Ба коми хаси магар аз шуъла болад ноксиҳоиш

Ба ин бе матлабии эҳроми хоҳиш бастаам бедил

Ки огаҳ нест соили ҳам зи афсуни тақозояш