Умрҳо шуд бе насиби роҳатам аз чашми хеш
Чун нигаҳи по дар рикоби ваҳшатам аз чашми хеш
Зини чамани сад ранги урёнӣ тамошо карда ам
Ҳамчуи шабнами дргдози хиҷлатам аз чашми хеш
Бас ки дар ёди нигоҳат серума шуд аҷзои ман
Кас намехоҳад ҷудои як соъатам аз чашми хеш
Шавқи дидорам ба ҳар ойӣна тӯфон ме кунад
Олимӣ дорад суроғи ҳайратам аз чашми хеш
Ҷавҳари бениши хски рези бисот кас мабод
Май пурди чўли шамъи ранги тоқатам аз чашми хеш
Нусхаи мавҳуми имкони нақш найрангӣ надошт
ӣнқадари равшани саводи ибратам аз чашми хеш
Нест эмини хонаи ойӣна аз офоти занг
Дастгоҳи хоби чандини ғифлатам аз чашми хеш
Ғайри мавҳумии далели марказ ором нест
Май кушояди зарраи роҳи хилватами азчшми хеш
На фалакро як қафас мебинад андоз нигоҳ
То куҷоҳо дар фишори вусъатам аз чашми хеш
Чун шарар ҳар гуҳи дарин маҳфили назар во ме кунам
намезанад чашмаки видоъи фурсатам аз чашми хеш
Ноз ҳастӣ дар ниёзи ободи ҳасан осӯда аст
Нест бе сайри нигоҳати фитратам аз чашми хеш
ё раби ин гулшани тмошохонаҳ найранг кист
Кард чун ойӣнаи пинҳони ҳайратам аз чашми хеш
Хоҳи дарёи нақши бандами хоҳи шабнам гул кунам
Рафтанӣ пайдост дар ҳар сӯратам аз чашми хеш
Имтиҳони огаҳӣ бедил саропоем гудохт
Ҳамчуи шамъи афканди охири ҳамтем аз чашми хеш