Аз қаноати хок бояд кард дар анбони ҳирс
Обрӯ то кӣ шавад сарфи хамири нони ҳирс
Ҳеҷ даштӣ нест каз рег равон бошад тиҳӣ
Бар намеояд ҳисоб аз резиши дандони ҳирс
Ҳар тарафи мижгони гушойии олам хамёза аст
Аз замини тоосмон чокаст дар домони ҳирс
Даъвати фағфур мотмхонаҳ кард офоқ ро
Мўкшӣ зоил нашуд азкосаҳ ҳои хон ҳирс
эй ҳарисони раҳм бар аҳвол якдигар кунед
Об шуд саъии нафаси ҷони шумоу ҷони ҳирс
То ба кӣ бошад касе савдоеи суду зиён
Таҳта мегардад ба як хишти лаҳади дукони ҳирс
Олимии асбоб бар ҳам чиду зини дарёи гузашт
То нафаси дории ту ҳам пули банд аз сомони ҳирс
Хоки ҳам аз шухии иброми дом осӯда нест
Аз тасаннӯъ кист пӯшади чашм бе мижгони ҳирс
То набандӣ санг бар дил аз тақозои талаб
Маънӣ дил чист натавон ёфт дар девони ҳирс
Гуҳи ғами ёқӯби вгаҳи нози Зулайхо май кашем
Юсуфи моро ки афканди оҳ дар зиндони ҳирс
Мурдагонро низ савдои қиёмат дар сар аст
Зинда медорад ҷаҳониро ҳамин эҳсони ҳирс
Хоҳи бргнҷи қаноати хоҳ дар қасри Гана
Рўзкӣ чандаст бедили ҳаркасии меҳмони ҳирс